Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали тиллои донишомӯзони тоҷик дар Ҳиндустон


Донишомӯзони тоҷик дар як сабқати байналмилалӣ дар Ҳиндустон 12 медали тилло ба даст оварданд.

Ҳафтумин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни риёзиёт, физика, кимиё ва биология аз 20 то 26-уми май дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон баргузор шуд.

Дар олимпиада хонандаҳои 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Афғонистон, Озарбойҷон, Амрико, Бангладеш, Туркия ва Қазоқистон, иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар сабқат 27 нафар намояндагӣ кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон рӯзи 27-уми май эълон кард, ки аз рӯи шумораи медалҳои тилло донишомӯзони тоҷик ҷои аввалро ишғол намудаанд.

Бори дувум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG