Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ғайриинтизори раҳбарони ду Куриё


Қабл аз мулоқот
Қабл аз мулоқот

Мун Ҷае Ин, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ рӯзи 26-уми май мулоқот ва дар бораи дидори эҳтимолӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтӯгу кардаанд. Мулоқоти ду тараф аз қалб эълон нашуд, аммо дуввумин дидори ду раҳбар дар як моҳи ахир аст.

Раҳбарони ду Куриё дар “рустои оштӣ” дар наздикии марзи ду кишвар сурат гирифтааст. Гуфтугӯ баъд аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико як рӯз баъд аз лағви мулоқот бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, гуфт, кишвараш барои таъйини дигарбораи мулоқот “гуфтӯгуҳои босамар” анҷом медиҳад.

Ӯ рӯзи 25-уми май дар Твиттер навишт, ки агар мулоқот сурат бигирад, ҳамон вақти муқарраршуда ва рӯзи 12-уми июн дар Сингапур баргузор мешавад. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май гуфт, бо назардошти “хусумати ошкори” Куриёи Шимолӣ аз мулоқот даст мекашад.

XS
SM
MD
LG