Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон марзҳои манотиқи қабиланишинро бардошт


Дар ин қаламрав 5 миллион нафар зиндагӣ мекунад
Дар ин қаламрав 5 миллион нафар зиндагӣ мекунад

Парлумони Покистон рӯзи 24 май ба конститутсияи кишвар тағйирот ворид кард, ки бар асоси он манотиқи қабиланишин бояд ба низоми куллии сиёсии кишвар шомил шаванд. Ин тағйирот ба қонун муққаррароти замони мустамликадориро барҳам зада ба ҳамаи 5 миллион сокини ин қаламрв ҳуқуқи баробар бо дигар шаҳрвандони Покистонро фароҳам меорад.

Дар тағйироте, ки ба конститутсия ворид шуд, гуфта мешавад, ки FATA ё Манотиқи федеролии қабиланишин дар вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхва бахши баробар ва комилҳуқуқи ҳудудҳои маъмурии тамоми Покистон маҳсуб мешаванд ва дар ин қаламрав низоми додгоҳу полис ба хотири кӯмак ба сокинони маҳаллӣ ҷорӣ мешавад. Баъди тасвиби ин қонун аз ҷониби Сенат ва президент тағйирот ба конститутсия ба ҳукми қонун ва иҷро медарояд.

Яке аз қонунҳое, ки ба даврони мустамлика баргашта ҳамчунин бекор мешавад, муҷозоти тамоми аъзои қабиларо барои содир шудани ҷиноят аз ҷониби як нафар узви он мебошад. Дар қарни 19 мустамликадорони бритониёӣ ин минтақаи кӯҳиро аз Афғонистон буриданд, то ки аз рӯи қонунҳои маданӣ ва ҳам бо риояи суннатҳои маҳаллӣ ҳукумат кунанд. Мақоми хости онҳо баъди касби истиқлоли Покистон ҳам дар соли 1947 ҳифз ва ҳар қабила мувофиқ бо хости раҳбаронаш идора мешуд. Ин манотиқ муддати дароз ба як қаламрави берун аз қонун ва ҳам ба ҳайси минтақаи буферии миёни Афғонистону Покистон истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG