Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон даҳҳо хонандаи рӯймолпӯш ба синфи болоӣ нагузаштанд


Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 22 хонандаи рӯймолпӯш, ки маъмурияти мактаб онҳоро ба дарс роҳ надода буд, ба синфи болоӣ нагузаштанд. Волидони хонандагон ба додгоҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ шикоят бурда буданд, вале додгоҳҳо ин шикоятҳоро қонеъ накарданд.

Додгоҳи зинаи болоии вилояти Оқтеппа рӯзи 22 май шикояти сокинони шаҳри Шалкар Ербол Тургунбоев ва Нурбол Суиндиқоваро баррасӣ ва амалкарди маъмурияти мактабро қонунӣ эътироф кард. Маъмурияти мактаб ба духтарони ин ду мард иҷозат надода буд, ки бо рӯймол дар дарсҳо ширкат кунанд.

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон даҳҳо хонаводаи зиндагӣ мекунад, ки мехоҳанд, духтаронашон бо рӯймол ба дарс раванд. Ин хонаводаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон такя мекунанд, ки озодии виҷдонро кафолат додааст. Аммо маъмурияти мактабҳо мегӯянд, хонандагон бояд либоси ягонаи мактабиро риоя кунанд.

Ба гуфтаи роҳбари идораи вилоятии назорат дар бахши маориф Жанат Муҳамбеталин, дар соли ҷорӣ дар минтақа дар робита ба баҳсҳои атрофи рӯймол 19 падару модари хонандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. ​

XS
SM
MD
LG