Созмонҳои байналмилалӣ дар ихтиёри ҳукумати Қирғизистон 77 дурбини назоратӣ гузоштаанд, ки дар марз бо Тоҷикистон насб карда хоҳанд шуд. Мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз чунин тасмими сохторҳои қудратии Қирғизистон огоҳӣ доранд.
Гуфта мешавад, ин дурбинҳои назоратӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷанҷолҳои сокинони наздимарзии ду кишвар насб карда мешавад, то айбдорони қазияҳо ошкор шаванд.
Қирғизистон бо Тоҷикистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки 450 километри он то ҳол муайян карда нашудааст ва мақомоти тоҷик мегӯянд, санади ниҳоӣ дар ин замина дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон имзо хоҳад шуд.
Бештаре аз муноқишаҳои наздимарзии сокинон дар наздикии деҳаи Хоҷа Аълои вилояти Суғд ва Уч-Добои вилояти Ботканди Қирғизистон рух медиҳанд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи як муноқиша ҳудуди 50 сокини наздимарзии ду кишвар ҳамдигарро сангборон карданд. Сипас, маълум шуд, ки сабаби рух додани ин қазия ба сохтмони худсаронаи девор дар минтақаи баҳсии марзӣ аз сӯйи як сокини Қирғизистон будааст.