Юлия Скрипал – духтари Сергей Скрипал – ҷосуси собиқи Русия пас аз тақрибан се моҳи заҳролудшавӣ ва ба ҳуш омадан дар шаҳри Солсберии Бритониё изҳорот дод. Дар ин изҳороти видеоӣ, ки рӯзи 23-юми май тавассути хабаргузории “Ройтерс” паҳн шуд, Юлия Скрипал гуфт, ҷараёни бахудойӣ “тӯлонӣ ва бисёр дардовар аст”.
Навори Юлияро бо забони русӣ дар инҷо бибинед:
Ӯ ба ҳар ҳол беҳбудёбии вазъи саломати худ ва падарашро “муваффақияти бузург” номид. Хабаргузории «Ройтерс» нусхаи хаттии изҳороти Юлия Скрипалро низ нашр кард.
Падару духтар Скрипалҳо рӯзи 4-уми марти имсол аз гази фалаҷкунандаи асаб – "Новичок" – заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале баъдан ҳолашон беҳбуд ёфта, аввал Юлия ва сипас падараш ба ҳуш омад.
Бритониё дар сӯиқасд ба ҷони Скрипал ва духтари ӯ Русияро гунаҳкор кард ва гуфт, Маскав барои ҳамла ба онҳо ангеза дошт. Маскав иттиҳомро рад мекунад.
Сӯиқасд ба ҷони Сергей Скрипал ва духтараш бӯҳрони ҷиддиеро дар равобити байни Лондон ва Маскав ба бор овард. Ба нишони ҳамдилӣ бо Бритониё, бисёре аз кишварҳо сафирони русро аз қаламравҳои худ хориҷ карданд. Русия дар посух сафирони кишварҳои Ғарбро аз ҳудудаш берун намуд.
Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритониё дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.