Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон мушаххас шуд


Скотт Миллер аз дасти рост
Скотт Миллер аз дасти рост

Як сарбози таҷрибадор дар амалиёти вижаи ҷангӣ ба ҳайси фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва ҳам эътилофӣ дар Афғонистон интихоб шудааст. Дар ин бора рӯзи 23 май матбуоти амрикоӣ хабар дод. Номзад – генерал-лейтенанти артиш Скотт Миллер бояд Ҷон Николсонро дар ин мақом иваз кунад, ки аз марти соли 2016 дар ин вазифа кор кардааст.

Дар ин бора як қатор оҷонсиҳои хабарӣ ва ҳам нашрияҳо иттило доданд. Барои тасдиқи номзадии Миллер ризоияти Сенати Амрико зарур аст. Миллер ҳоло дар фармондеҳии амалиёти вижаи иктишофӣ кор мекунад, ки вазифаҳои хосро иҷро мекунад. Дар солҳои 2013-14 дар Афғонистон ва Ироқу Сомалӣ ҳам хизмат кардааст. Пентагон феълан аз шарҳи ин хабарҳо худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG