Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба бойкоти маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол


Дар шаҳри Сарански Мордова ҳам бахше аз бозиҳои ҷаҳонии футбол баргузор мешавад. Ин варзишгоҳ махсус барои ин сабқати ҷаҳонӣ омода шудааст
Дар шаҳри Сарански Мордова ҳам бахше аз бозиҳои ҷаҳонии футбол баргузор мешавад. Ин варзишгоҳ махсус барои ин сабқати ҷаҳонӣ омода шудааст

Созмони мудофеи ҳуқуқи инсони Human Rights Watch аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футболро дар Русия бойкот кунанд, то ки президент Владимир Путин водор шавад, ки барои ҳимояи ҳуқуқи сокинони мулкии Сурия иқдом кунад. Русия, ки имсол бори аввал мизбони Ҷоми ҷаҳонӣ мешавад, пуштибони қавии президенти Сурия Башор Асад ба шумор меравад.

Ин кишвар давоми 7 соли охир дар ҳолати ҷанг аст ва созмони мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки Маскав бояд барои қурбониҳои афроди мулкӣ дар ин қаламрав масъулият дошта бошад. Кеннет Рот, раҳбари иҷроияи созмони Human Rights Watch гуфт, ки раҳбарони ҷаҳон бояд ба Путин аломат бидиҳанд, ки агар рафторашро дигар накунад, дар паҳлӯи ӯ рафта дар варзишгоҳ наменишинанд. Ҷоми ҷаҳонии футбол яке аз сабқатҳои пуртарафдор буда, онро ҳамеша миллионҳо нафар пайгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG