Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии андаки стратегияи Трамп дар Афғонистон


Сентябри соли 2017. Мулоқоти президентони ИМА ва Афғонистон - Доналд Трамп ва Ашраф Ғанӣ
Сентябри соли 2017. Мулоқоти президентони ИМА ва Афғонистон - Доналд Трамп ва Ашраф Ғанӣ

Як гузориш мегӯяд, ки стратегияи нави маъмурияти Трамп барои Афғонистон аз моҳи августи соли гузашта ба пешравии андаке даст ёфт, вале ҳамоно ин кишвар баъди 17 соли ҷанг дар як ҳолати “хатарнок ва заъиф” қарор дорад. Ин нуктаро шоми 21 май се оҷонсии назорати давлатии ИМА нашр карданд ва бозёфтҳои он аз он чи ки Пентагон ва нирӯҳои афғонӣ мегӯянд, тафовут дорад. Гузорише, ки аз ҷониби муҳаққиқони Пентагон, Департаменти давлатӣ ва Оҷонсии рушди ИМА барои арзёбии Конгресс ироа шудааст, пешравии хеле ночизро мушоҳида кардааст.

Гузориш мегӯяд, ки ҳамлаҳои маргбори Толибон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамоно идома доранд. “Толибон ва гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Кобул чандин ҳамлаи ваҳшатнок анҷом доданд, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта шуд. Ин гузориш мегӯяд, ки “Толибон ҳамоно манотиқеро таҳри контрол доранд ва дар саросари кишвар даст ба амалҳои террористӣ мезананд”. Ин гузориш дар ҳоле нашр шуд, ки ҳамон рӯзи 21 май Толибон сокинони Кобулро аз ҳамлаҳои бештар болои Кобул ва муассисаҳои ҳарбӣ ҳушдор доданд.

XS
SM
MD
LG