Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти 163 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон


Дар се моҳи аввали соли равон 163 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон комилан фаъолият накардаанд. Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 30 апрел имзо шуда, ӯзи 22 май нашр шуд, натиҷаҳои рушди кишвар дар семоҳаи аввали соли равон ҷамъбаст гардидааст. Дар санад гуфта мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 163 корхона умуман фаъолият накардаанд, ки боиси рукуд дар соҳаи саноат гаштааст.

Бинобар ин, рушди соҳаи саноат дар ин давра дар қиёс ба соли қаблӣ 6,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар идомаи ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ҳаҷми истеҳсоли 24 номгӯи маҳсулоти саноатӣ низ дар ин давра кам шудааст. Ин қарор, ки бо имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамазамон вазифаи раиси ҳукуматро иҷро мекунад содир шудааст.

Дар ин санад ба вазорату идораҳо супориш дода шудааст, ки сабабу омилҳои фаъолят накардани ин корхонаҳоро муайян кунанд. Бар илова вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ уҳдадор шудаанд, ки барои бартараф кардани хавфу осебҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ чора андешида ҷиҳати бештар кардани истеҳсоли маводи ивазкунанда дар кишвар талош варзанд. Бо вуҷуди суст шудани рушди саноат дар кишвар, гуфта мешавад даромади будҷаи кишвар дар се моҳи соли аввал 101 дарсад иҷро шудааст.

Ба ҳамин минвол ба будҷаи кишвар дар ин муддат 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гаштааст. Даромади асосии будҷаи кишвар аз ҳисоби андозҳо будааст. Дар ин муддат ба будҷаи кишвар 3,3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андоз ворид шуд.

Видеоҳои охирин

"Мошинронии занони саудӣ ба нафъи кишвар ва оила аст"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG