Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - мизбони сабқати ҷаҳонии арифметикаи зеҳнӣ


Барои аввалин бор дар Тоҷикистон, сабқати ҷаҳонии арифметикаи зеҳнӣ баргузор хоҳад шуд. 250 навраси аз 6 то 16-сола аз 10 кишвари дунё барои рақобат дар самти қобилияти зеҳнӣ ва истеъдоди офарандагӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Сабқати мазкур бо ташаббуси Маркази “Империяи дониш” ва дар ҳамкорӣ бо маркази Абакус аз 29-уми май то 5-уми июн дар истироҳатгоҳи “Шоҳин” баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистон барои дастовардҳои хонандаҳояш аз маркази “Империяи дониш” дар озмунҳои ҷаҳонӣ, мизбони сабқати байналмиллалии “Арифметикаи зеҳнӣ” интихоб шуд.

Дар баробари рақобати фикрӣ дар ин озмуни ҷаҳонӣ, барои эҷоди фанновариҳо ҳам рақобат хоҳанд кард. Харҷи озмуни ҷаҳонии арифметикаи зеҳниро ҳукумати Тоҷикистон ва чанд ширкати хусусӣ мепардозанд.

XS
SM
MD
LG