Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари боздоштшудаи "РИА Новости-Украина" ба Херсон интиқол ёфт


Кирилл Вишинский
Кирилл Вишинский

Мақомоти Украина раҳбари хабаргузории "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинскийро, ки рӯзи гузашта боздошт шуд, аз Киев ба Херсон интиқол доданд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба вакили Вишинский хабар дод.

Дафтари додситони Ҷумҳурии мухтори Қрим дар Херсон ҷойгир аст ва қазияи Вишинский дар онҷо баррасӣ мешавад.

Мақомот Кирилл Вишинскийро ба хиёнат ба ватан ва пешбурди харобкории иттилоотӣ алайҳи Украина муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи муфаттишон, дар оғоз рӯзноманигор бо супориши Маскав дар бораи Қрим гузоришҳои хабарӣ навишта, ишғоли нимҷазираро тавҷеҳ мекард ва баъдан дар Киев ба пуштибонӣ аз ҷудоиталабони Шарқи Украина мавод омода мекард.

Мақомоти Украина мегӯянд, барои ин фаъолиятҳо Вишинский моҳона 53 000 евро мегирифт ва ин пулҳо аз Русия тавассути Сербистон ворид мешуданд. Русия соли 2014, баъди ишғоли Қрим, ба Вишинский медали "Барои хизмат барои ватан"- ро тақдим кард.

Намояндаи Департаменти давлатии Амрико Ҳизер Нойерт дар вокуниш ба кофтукоби дафтари "РИА Новости-Украина" гуфт, ки нороҳатии Киевро аз таблиғоти Русия дарк мекунад, аммо аз мақомоти Украина даъват кард, дар чаҳорчӯби қонун амал кунанд.

XS
SM
MD
LG