Вазорати адлияи ИМА ва Хадамоти федеролии таҳқиқот кормандони пешини Cambridge Analytica ва бонкҳоеро, бо ин ширкат робита доштанд, бозпурсӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 15 май бо такя ба манбаҳояш хабар дод.
Ҳамсӯҳбатҳои нашрия гуфтанд, ки таҳқиқи қазия акнун оғоз шудааст. Вазорати адлияи Амрико ва Cambridge Analytica аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.
Аввали моҳи март маълум шуд, ки ширкати британиягии Cambridge Analytica барои пешбурди таблиғоти сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф, ба маълумоти 87 миллион корбари Facebook дастрасӣ пайдо кард.
Бунёдгузор ва раҳбари кулли Facebook Марк Зукерберг масъулияти берун рафтани маълумоти корбарон ва ҳамчунин ин далелро эътироф кард, ки шабакаи иҷтимоӣ эҳтимолан барои пахши хабарҳои тақаллубӣ ва барангехтани нафрат, махсусан дар ҷараёни маъракаҳои иҷитимоӣ, истифода шудааст.
Биноба таҳқиқоте, ки дар ИМА ҷараён дорад, "интернет-троллҳо"-и Русия барои дахолат дар умури интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико маҳз Facebook-ро истифода мекарданд. Ширкати Cambridge Analytica фаъолияташро рӯзи 2 май қатъ кард.