Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хушунатҳо дар Ғаззаро "қотеона маҳкум" кард


Тоҷикистон хушунатҳои ахир ва марги даҳҳо фаластиниро дар Навори Ғазза “қотеона маҳкум” кард. Дар як изҳороти вазорати умури хориҷии ин кишвар, ки шоми 15 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки “шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар” мекунад. Тоҷикистон ба зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ даъват карда аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи зӯр худдорӣ кунанд.

Илова ба ин, Тоҷикистон ба ҳайси кишвари нозир дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баргузории ҷаласаи вижаи ин ниҳод дар Женеваро дар мавзӯи хушунатҳои Ғазза пуштибонӣ кард. Ин ҷаласа қарор аст рӯзи 18 май ташкил шавад.

Рӯзи 14 май дар паи эътирозҳои якҳафтаина ва дар натиҷаи оташи низомиёни исроилӣ дар Навори Ғазза, 58 фаластинӣ кушта ва 1200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзи 15 май вазъи нисбатан ором шуд, вале дар ин рӯз ҳам 2 нафар кушта шуд.

Рӯзи 14 май Исроил 70-солагии таъсиси ин давлатро таҷлил кард ва ин рӯз инчунин бо тасмими баҳсбарангези ИМА рост омад, ки дар Байтулмуқаддас сафорати ин кишварро боз кард. Мавзӯи хушунатҳо мояи нигаронии як қарор давлатҳо шуд. Аз ҷумла, Олмону Бритониё ба таҳқиқи мустақили ин ҳодисаҳо даъват карданд.

XS
SM
MD
LG