Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин пули мошингарди байни Русия ва Қримро ифтитоҳ кард.


Путин пули байни Русия ва Қримро убур кард. 15 май, 2018
Путин пули байни Русия ва Қримро убур кард. 15 май, 2018

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15 май пули гаронбаҳо ва зиддунақизро, ки Қрими ишғолшударо бо Русия мепайваданд, ифтитоҳ кард.

Интизор мерафт, ки ин пул бо дарозои 19 километр дар фарози гулӯгоҳи Керч, моҳи декабри соли 2018 ифтитоҳ шавад, аммо мақомоти Маскав санаи ифтитоҳро ба 16 май интиқол доданд.

Бунёди ин пул аз вилояти Ростови Русия то Қрим соли 2016, ду сол баъди ишғоли низомии нимҷазира аз тарафи Русия ва баргузории реферундум, ки онро дасти кам 100 давлат ғайриқонунӣ донистаанд, оғоз шуд. Қрим як бахши қаламрави Украина аст.

Путин гуфтааст, ки ин пул ҳамоиши Қримро бо сохтори нақлиётии Русия таъмин мекунад ва имкони рушди иқтисодиро ба вуҷуд меорад.

Ин тарҳ, ки 3,7 миллард доллар қиммат дорад, ду хати роҳи оҳан, ки ҳоло бунёд мешавад ва шоҳроҳи дорои чаҳор хати ҳаракат дар саросари Керчро дар бар мегирад.

Ҳукумати Путин қарори ишғоли Қримро соли 2014, дафъатан баъди он қабул кард, ки дӯсти Маскав, Виктор Янукович, президенти онвақтаи Украина дар пайи эътирозҳои саросарӣ аз мақом ронда шуд.

Русия қабл аз референдуми ҷудо кардани Қрим аз Украина, аскарони бидуни аломати мушаххасро ба нимҷазира фиристод ва ишғоли биноҳои маъмуриро ба роҳ монд.

XS
SM
MD
LG