Тошканду Вашингтон тасмим доранд, ки дар ҷараёни боздиди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз ИМА якчанд қарордоди ҳамкорӣ ба имзо кунанд. Сафари Мирзиёев ба Вашингтон рӯзҳои 15-17 май сурат ҷараён мегирад.
"Интизор меравад, ҷаъман ба маблағи чор миллиард доллар созишномаҳо имзо шаванд"- изҳор дошт раиси палатаи савдои Узбекистону ИМА Кэролин Лэмм дар суҳбат бо телевизиони "Узбекистон 24".
Ба гуфтаи ӯ, ин санадҳо ба бахши тиҷорат, савдо ва сармоягузорӣ марбутанд. Лэмм гуфт, аз ҳама бештар ҳамкориҳои иқтисодии Вашингтону Тошканд дар бахши нафту газ ва металлургияи ранга ояндадор хоҳанд буд.
Президентҳо Доналд Трамп ва Шавкат Мирзиёев бори нахуст моҳи майи соли 2017 дар доираи саммити кишварҳои мусулмоннишин ва ИМА дар шаҳри Риёз мулоқот карданд.
Мирзиёев моҳи сентябри соли гузашта дар ҷараёни боздидаш аз Ню-Йорк бо намояндагони ширкатҳои амрикоӣ як қатор вохӯриҳо анҷом дода, дар форуми тиҷории дуҷониба низ иштирок кард. Дар ҳошияи форум миёни ширкатҳои ду кишвар ҷамъан ба маблағи 2,6 миллиард доллар дар бахши нафту газ, кимиё ва мошинсозӣ созишномаҳо имзо шуданд.