Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳабо Олимӣ: Волидон аз Қонун дар бораи оила суиистифода мекунанд


Марҳабо Олимӣ
Марҳабо Олимӣ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ба порлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки ба кодекси оила тағирот ворид кунад. Ҳадаф аз дархости кумита, пешгирӣ аз издивоҷи бармаҳал ва суиистифода аз қонун будааст.

Марҳабо Олимӣ муовини аввали раиси ин кумитаи рӯзи 15 май ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба издивоҷ дар Тоҷикистон аз 18-солагӣ иҷозат шудааст, вале қонунҳои кишвар дар ҳолатҳои истисноӣ бо ҳалномаи додгоҳ ба гурӯҳе аз ноболиғон - духтарони бесаробон ва ё аз оилаҳои нокомил иҷозат медиҳад, ки қабл аз 18 -солагӣ издивоҷ кунанд. "Аммо суиистифода аз қонун издивоҷҳои бармаҳалро бештар карда, бисёриҳо бо ҳар баҳона духтарони худро дар синни то 18 солагӣ ба шавҳар медиҳанд. Бояд дар қонун дақиқ оварда шавад ва суиистифода аз қонун нашавад",- гуфт Марҳабо Олимӣ.

Ин намояндаи кумитаи занон гуфт, бояд дар қонун иҷозаи издивоҷи то 18 солаҳо асоснок ва мушаххас шавад, на ба шакле, ки ҳоло вуҷуд дорад.

Соли 2010 синни издивоҷ дар Тоҷикистон як сол боло бурда шуд ва духтарон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо ба даст оварданд. Мақомот ҳам гуфтанд, ки ин таъғирот пеш аз ҳама бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи духтарҳо роҳандозӣ мешавад, ки тавонанд дар синни балоғат ва огоҳона оила барпо карда аз арӯсиҳои бармаҳал ҷилавгирӣ шавад. Як далели дигараш ҳам ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон буд.

Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки дар панҷ соли ахир беш аз 1800 нафар духтарони наврас тифл ба дунё оварданд. 44 дарсади духтарон то расидан ба 19 солагӣ шавҳар мекунанд. Ин рақам дар панҷ соли пеш 39 дарсад будааст.

XS
SM
MD
LG