Зодаи Чеченистон Ҳамзат Азимов, ки рӯзи шанбе бо нидои "Аллоҳу акбар!" дар маркази шаҳри Порис ба роҳгузарон ҳамла кард, аз соли 2016 ба ин сӯ ҳамчун ҷонибдори тундравон зери назорати пулис қарор доштааст.
Бино ба иттилои France Info, ӯ соли 2010 шаҳрвандии Фаронсаро дарёфт кард. Бар пояи хабарҳо, Азимов 1 ноябри соли 1997 дар Чеченистон ба дунё омада, дар донишгоҳи Страсбург таҳсил кардааст.
Президенти Чеченистон дар Telegram тасдиқ кард, ки Азимов дар ин кишвар ба дунё омада, 14 сол зиндагӣ кардааст. Қодиров ҳамчунин дар тундгаро шудани ҷавон Фаронсаро масъул донист.
Азимов дар назди бинои Гранд Операи Порис, яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳон дар пойтахти Фаронса, бо корд ба роҳгузарон ҳамла кард. Дар натиҷа як нафар ҷон бохта, чаҳор тани дигар захмӣ шуд.