Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: "Мушовири Трамп гуфт, ба ҳарфи Маккейн набояд гӯш дод, ӯ мемирад"


Ҷон Маккейн
Ҷон Маккейн

Матбуоти Амрико бо такя ба иштирокдорони ҷаласаи пӯшидаи Кохи Сафед навишт, ки Келли Садлер - мушовири президенти Амрико - дар бораи сенатори гирифтори саратон Ҷон Маккейн ҳарфи ноҷо гуфтааст.

Ба қавли ду манбаи хабаргузории Associated Press, Садлер дар ҷаласаи пӯшида гуфтааст, набояд эътирози Маккейнро дар робита ба таъйини Ҷина Ҳаспел ба мақоми раҳбари Идораи истихборот ба эътибор гирифт, "зеро ӯ дар роҳ ба сӯи гӯр аст".

Кохи Сафед дар изҳороташ оиди Маккейн вуҷуди ҳодисаро на тасдиқ кард, на такзиб. Дар изҳорот танҳо эҳтиром ба Ҷон Маккейн ва хидматҳои ӯ зикр шудааст. Худи Садлер то ҳол гузоришҳои матбуотиро шарҳ надодааст.

Ҳамсари Ҷон Маккейн Синдӣ ба Садлер, мушовири вежаи президент, дар Твиттер ёдовар шуд, ки Маккейн панҷ фарзанд ва ҳафт набера дорад.

Ҷон Маккейн аз мухолифони доимии президент Трамп дар Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст. Соли гузашта табибон дар мағзи ӯ саратонро ташхис доданд. Бинобар вазъи саломатиаш, Маккейн аз моҳи декабри соли гузашта ба ин тараф дар Сенат зоҳир нашуд.

Ахиран матбуот дар бораи бад шудани сиҳатии сенатор хабар дод ва гуфт, ки ӯ дар бораи макони охираташ васият карда, ҳамчунин гуфтааст, Трамп дар маросими дафни ӯ иштирок накунад.

XS
SM
MD
LG