Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтишот: Раҷабалӣ Каримов худкушӣ кард. Наздикон: Чаро?


Акси Раҷабалӣ Каримовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Муфаттишони Додситонии низомии Тоҷикистон сабаби марги як сарбозро, ки хонаводааш иддао дорад, дар гулӯи ӯ захми тирро дидаанд, худкушӣ номид.

Раҷабалӣ Каримови 21-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, дар ҳайати Горди Миллӣ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт хидмат мекард. Ҷасади ӯро рӯзи 3-юми май ба наздиконаш супурдаанд.

  • Раҷабалӣ Каримов соли гузашта аз деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор ба артиш ҷалб шуд ва аз муҳлати хидматаш як солу ду моҳ гузашта буд.
Чаро худашро кушт? Чӣ сабаб шуд? Ба ин саволҳо бояд ҷавоб гӯянд. Агар касе вайро ба ин ҳолат овардааст, бояд ҷавоб диҳад

Садафмоҳ Каримова, модари Раҷабалӣ, рӯзи 11-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то як рӯзи пеш касе марги фарзандашро шарҳ надода буд. Танҳо рӯзи гузашта намояндаҳои Додситонии низомӣ барояшон гуфтаанд, тире, ки гулӯи Раҷабалиро сӯрох кард, худи ӯ паррондааст.

Модари сарбоз мегӯяд, ҳафтае пеш аз ҳодиса бо писараш телефонӣ сӯҳбат дошт. Аз шароити хидматаш розӣ буд ва аз касеву чизе шикоят надошт. "Гуфтанд, ки худашро куштааст. Фарз кардем, ба худкушиаш бовар кардем. Чаро худашро кушт? Чӣ сабаб шуд? Ба ин саволҳо бояд ҷавоб гӯянд. Агар касе вайро ба ин ҳолат овардааст, бояд ҷавоб диҳад", - гуфт Садафмоҳ Каримова.

Дар қисми низомии марбут ба Горди Миллӣ дар Рашт ба Радиои Озодӣ ин ҳодисаро шарҳ надоданд ва танҳо гуфтанд, ки ҳодиса аз ҷониби муфаттишони Додситонии низомӣ санҷида мешавад. Додситонии низомӣ ҳанӯз инро шарҳ надодааст.

Раҷабалӣ Каримов як солу ду моҳ хидмат карда буд
Раҷабалӣ Каримов як солу ду моҳ хидмат карда буд

Муродалӣ Каримов, бародари сарбоз Раҷабалӣ Каримов, ки ҷасади бародарашро ҳангоми шустан аксбардорӣ кардааст, 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бадани ӯ осебҳое низ дида мешуд. "Дар дастонаш нақши банд дида мешуд. Дар дигар ҷойи баданаш низ осебҳое буд. Мо намедонем, ки он осебҳо аз куҷо пайдо шудааст",-афзуд ӯ.

Маъмулан дар аксари ҳодисаҳои шабеҳ ба ин, пайвандон аз эҳтимоли латту кӯб шикоят мекунанд. Аммо мақомот ҳамеша дар посух мегӯянд, чунин осебҳо пас аз марг дар бадани ҷасад пайдо мешавад.

Моҳи марти имсол низ дар шаҳри Норак марги як сарбози Горди Миллӣ сабт шуда буд. Пеш аз он ҷасади Ҳасан Каримов, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакандро, ки шаш моҳ хидмат карда буд, ба пайвандонаш супурданд. Мақомот гуфтанд, ки ду афсар дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудаанд, вале ҷузъиёте аз ин ҳодиса надоданд.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" -- як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар 3 соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Сабаби аксари ҳодисаҳои худкушии сарбозон норӯшан боқӣ мемонад. Танҳо дар чанд маврид додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамхизматон ё афсаронро барои ба худкушӣ расондани сарбозон муҷозот кардаанд.

Эҳсон Элчибеков
Эҳсон Элчибеков

Аз ҷумла, рӯзи 21-уми апрели имсол додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва барои 12,5 сол ба зиндон фиристод. Ҳамчунин, дар доираи ин парванда ду афсари қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъ Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев барои "муносибати хунукназарона ба хидмат", яксолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски ҳодисаҳои хушунат ва бо фоҷеа анҷомидани ин ҳодисаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG