Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори бахши Туркмании Радиои Озодӣ маврида ҳамла қарор гирифт


Султон Очилова

Хабарнигори бахши Туркмании Радиои Озодӣ -"Радио Азатлык" Султон Очилова боз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ҳамла ба ин хабарнигори 68-сола рӯзи 9 май дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ аз маросими гулгузорӣ бар пояи Оташи ҷовидон, ба хотири ёдбуди қурбониҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, акс мебардошт. Ба гуфтаи хабарнигор, якчанд нафар, ки дар тан костюми сиёҳ доштанд, аз ӯ талаб карданд, ки аксҳоро пок кунад. Онҳо таҳдид карданд, ки агар хабарнигор ин корро накунад ба нигаҳдории маводи мухаддир муттаҳам хоҳад шуд. Бо шунидани посухи манфӣ, ин нафарон дурбини Султон Очиловаро гирифтанд, аксҳоро нест карданд ва талаб намуданд, ки ӯ дигар барои "Радио Азатлык" кор накунад.

Бори аввал нест, ки ба ин хабарнигор ҳамла сурат мегирад ва ӯ таҳдиди марг мегирад. Султон Очилова якчанд дафъа боздошт шудааст.

Ҳамлаи ахир ба хабарнигор баъди ду рӯзи гузоришдиҳии Туркманистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҷараён гирифт. Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев дар нишаст гуфт "ин далел, ки хабарнигори "Радио Азатлык" дар Туркманистон фаъолият мекунад, ба маъноест, ки озодии баён дар Туркманистон маҳдуд намешавад.

Президенти Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Том Кент изҳори муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистонро "нороҳаткунанда ва таҳқиромез" унвон кард. Кент ёдовар шуд, ки аз соли 2014 то 2016 шаш хабарнигор бинобар фишори ҳадафмандона ва тарсу ҳарос, ки ҳукумат аз он пуштибонӣ мекунад, аз кор рафт.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG