Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як заминларза дар Тоҷикистон


Рӯзи даҳуми май боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзиланигории Амрико гуфт, маркази заминларза дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буда, шиддаташ ба 4,8 дараҷаи Рихтер мерасид.

Бархе аз сокинон дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон гуфтанд, ки заминларзаро эҳсос карданд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз заминҷунбии навбатӣ хабар додаанд. Аммо онҳо гуфтанд, ки шиддати ин заминларза он дар муқоиса ба зилзилаи рӯзи чаҳоршанбе камтар буд.

Баъд аз зуҳри 9-уми май дар Тоҷикистон заминларзаи қавие сабт шуд, ки Маркази зилзилашиносии Амрико гуфт, ки маркази ин заминларзаи 6.2 дараҷаӣ дар 36-километрии шимол-ғарби маркази ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон будааст.

Шиддати ин зилзила дар Душанбе ва атрофи он ба ҳадде буд, ки сокинон аз манзилҳои худ берун шуданд. Шиддати ин зилзила дар вилояти Бадахшон аз ҳама бештар эҳсос шудааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG