Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Новосибирск: Донишҷӯи маҳаллӣ дӯсташро захмӣ кард ва худро кушт


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Дар шаҳри Барбински вилояти Новосибириск донишҷӯи Омӯзишгоҳи фанновариҳои нақлиёт ба сӯи ҳамсабақаш аз камони шикорӣ тир кушод ва сипас худкушӣ кард. Дар ин бора додситонии минтақавӣ рӯзи 10-уми май хабар дод.

Ба маълумоти Кумитаи тафтишот, донишҷӯе, ки аз камон тир кушод, 17 сол дошт. Ӯ камонро дар шакли тақсимшуда дар ҷувздонаш ба синф ворид кард ва қабл аз тир кушодан онро дар долони мактаб дубора ҷамъ овард.

Биноба иттилои пешакӣ, донишҷӯи курси аввал аз бадбинӣ ба сӯи ҳамсабақаш тир кушод ва ӯро маҷруҳ кард. Донишҷӯёни дигар дар шабакаҳои иҷитмоӣ навиштаанд, ки ин ду нафар дар гузашта ҳам муноқиша доштанд.

Тавре аз Вазорати тандурустии Русия дар Новосибирск хабар доданд, дар ин ҳодиса се нафари дигар осеб дида, ҳоло таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

Ба гуфтаи канали Telegram Marsh донишомӯзе, ки аз камон тир кушод, Иля Иванченко ном дошт ва ҷавони "орому беозор буд".

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аз аввали сол дар мактабҳои Русия як чанд ҳамлаи мусаллаҳона бо истифодаи корду табар ва сӯзишворӣ сурат гирифт, ки дар пайи онҳо талабаҳо захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG