Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Ширкати наздик ба Векселберг ба вакили Трамп пул мефиристод


Майкл Коҳен - вакили хусусии Доналд Трамп
Майкл Коҳен - вакили хусусии Доналд Трамп

Ширкати тақаллубии Essencial Consultants, ки онро вакили хусусии президенти Амрико Доналд Трамп таъсис додааст, аз чанд ширкат, аз ҷумла ширкатҳои амрикоии наздик ба олигархи Русия Виктор Векселберг ва тиҷоратҳое, ки кори онҳо ба маъмурияти президенти Амрико вобаста аст, беш аз 1 миллион доллар дарёфт кард. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 8-уми май хабар дод.

Интиқоли маблағҳо ба ҳисоби ширкати Essencial Consultants қабл аз интихоби Трамп ба мақоми президентӣ оғоз шуда, то моҳи январи соли равон идома дошт.

Columbus Nova дар Ню-Йорк, ки ширкати таҳти назорати Векселберг аз муштариҳояш ҳисоб мешавад, барои хизматгузории машваратӣ ба ҳисоби Essencial Consultants ними миллион доллар фиристодааст, ки ба олигархи рус ҳеҷ рабте надорад. Пардохтҳо то ворид шудани номи Векселберг ба рӯйхати таҳримҳо анҷом шудаанд.

Ба ғайр аз ин, хеши Векселберг ва раҳбари ширкати Columbus Nova шаҳрванди Амрико Эндрю Интратер ба сифати хайрия ба Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва маросими савганди Трамп 300 ҳазор доллар додаст.

Муфаттишони гурӯҳи прокурори вежа Роберт Мюллер дар робита ба ин пардохтҳо Векселбергро дар ҷараёни сафаи ахири ӯ ба ИМА бозпурсӣ карданд. Мюллер парвандаи эҳтимоли созиши тими Трамп бо Кремлинро пайгирӣ дорад, ки ба давраи интихоботи соли 2016 рабт мегирад. Фаъолиятҳои тиҷоратии Майкл Коҳен дар додситонии Амрико баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG