Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамлаи маргталабона дар минтақаҳои мухталифи Кобул


Рӯзи 9-уми май дар гӯшаҳои мухталифи Кобул, пойтахти Афғонистон, се ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт. Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳамлаварон ду идораи пулис дар маркази Кобулро низ ҳадаф қарор додаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ афзуд, ба иттилои ӯ, ду захмӣ ба бемористон бурда шудаанд. Аммо дар ҳамин ҳол, раҳбари хадамоти “Ёри таъҷилӣ” дар Кобул ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, шаш нафарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон оварданд.

Ҳафтаҳои охир Толибон ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Кобул чанд ҳамлаи маргбор анҷом доданд. Дар ҳодисаи рӯзи 30-юми апрел 25 нафар, аз ҷумла нуҳ журналист, кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG