Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи эълони тасмими Трамп нархи нафт якбора боло рафт


Дар остонаи изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар заминаи эҳтимоли берун шудани кишвараш аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ дар муқоиса бо ноябри соли 2014 якбора боло рафт. Соати 14-и рӯзи 8 май ба вақти Вашингтон Трамп бояд тасмими худро дар ин замина эълон кунад. Аксари сармоягузорон интизор доранд, ки Трамп аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 дар аҳди Барак Обама имзо шуд, берун меравад ва ба бахши нафти Эрон дубора таҳрим ҷорӣ мешавад. Инчунин интизор меравад, ки таҳрим бонки марказӣ ва ҳам истеҳсолкунандаҳои нафтро таъсир хоҳад кард. Тарс аз берун шудани ИМА аз созиш ва дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо болои Эрон боиси он шуд, ки дар бозори Ню-Йорк арзиши нафт ба 70 доллар баробар шуд ва чунин нарх барои нахустин бор аз ноябри соли 2014 ба мушоҳида мерасад. Бархе тоҷирони дигар арзиши нафтро то 76,17 доллар боло бурдаанд. Дар ҳоле, ки сармоягузорон аз таъсири тасмими Трамп ба арзиши нафт хатар доранд, вазири нафти Эрон гуфт, ки ин кишвар баъди изҳороти Трамп ҳам ба содироти нафт идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG