Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори рекордии шаҳрвандони Русия аз ИМА паноҳандагӣ хостанд


Навбатпоӣ дар назди сафорати Амрико дар Маскав
Навбатпоӣ дар назди сафорати Амрико дар Маскав

Дар соли 2017 шумори рекордии шаҳрвандони Русия - 2 ҳазору 664 нафар аз ИМА дархости паноҳандагӣ карданд. Ин рақам дар 24 соли ахир бесобиқа буда, назар ба соли 2016 низ 39% бештар аст.

Дар ин бора Вазорати амнияти дохилии ИМА дар посух ба дархости расмии телевизиони "Настоящее Время" иттилоъ дод.

Шаҳрвандони Русия бори охир ба таври рекордӣ соли 1994 аз ИМА дархости паноҳандагӣ кардаанд. Он замон шуморашон ба 2127 мерасид.

Шумори шаҳрвандони Русия, ки аз ИМА паноҳандагӣ мехоҳанд, тайи 5 соли ахир, баъд аз бори севум президент шудани Владимир Путин рӯ ба афзоиш овард. Соли 2016 1912 шаҳрванди Русия дархости паноҳандагӣ карданд, ки нисбат ба соли 2015 31% бештар аст.

Вале сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки дар Кремл ба ин рақамҳо бовар надоранд. "Дар ҳоли ҳозир, хабарҳои дурӯғ зиёданд ва бояд хеле бодиққат буд", - гуфт ӯ.

Russian citizens seeking for asylum in USA, 1994-2018 stats
Russian citizens seeking for asylum in USA, 1994-2018 stats

XS
SM
MD
LG