Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон мекунад


Шӯрои уламои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳафтаи оянда рӯзи оғози Рамазонро эълон мекунад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд 16 май моҳи Рамазон дар Тоҷикистон фаро мерасад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 3 май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 10 май ҷаласа баргузор мекунанд ва бар асоси хулосаи комиссия ва нишондоди Институти астрофизика рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламо ҳамчунин ҳаҷми закот ва садақаи фитр низ муайян шавад.

Рамазон моҳи барои мусалмонон муқаддасест, ки дар тӯли он мусалмонон аз субҳи содиқ то расидани шом аз тановули ғизо, нӯшидани об парҳез мекунанд.

XS
SM
MD
LG