Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои аврупоӣ аз марзи Тоҷикистону Узбекистон дидан мекунанд


Петер Буриан
Петер Буриан

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки дар конфронси Тоҷикистон, ки масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад, чанд дипломати баландпоя, аз ҷумла, Петер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд. Ин конфронс, ки таҳти унвони "Мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯровар" рӯзҳои 3 ва 4 май дар Душанбе мегузарад, бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон, СММ, САҲА ва дигар шарикони байналмилалии Душанбе барпо мешавад. Дар иттилоияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 2 май бо такя ба изҳороти раиси сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ гуфта мешавад, ки мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар минтақа дар авлавияти кори Брюссел қарор дорад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки соли 2017 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳои худро дар самти мубориза бо терроризм нашр карда буд. Дипломатҳои аврупоӣ баъди ширкат дар конфронс инчунин аз вазъи марзи Тоҷикистону Узбекистон дидан мекунанд, ки аз миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ пурра боз шудааст. ​

XS
SM
MD
LG