Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори тоҷикони дорои шаҳрвандии русӣ се баробар афзоиш ёфт


Дар соли гузашта беш аз 29 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Вебсайти хабарии RT бо такя ба вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ки дар қиёс бо панҷ соли пеш шумори тоҷиконе, ки соҳиби паспорти русӣ шудаанд, се баробар афзудааст. Бар асоси ин омор, агар соли 2012 - 9773 тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шуда бошад, дар соли 2017 шумори онҳо ба 29039 нафар баробар шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни довталабони шаҳрвандии русӣ дар ҷои сеюм қарор доранд. Дар мақоми аввал Украина қарор дорад, ки назар ба панҷ соли пеш соҳибони шиносномаҳои русӣ аз ин кишвар ҳафт баробар ва дар мақоми дуюм – Қазоқистон аст, ки шумори шаҳрвандони Русия аз миёни онҳо се баробар бештар шудааст.

Мақомоти русӣ ин падидаро бо осонтар шудани ҷараёни гирифтани шаҳрвандии Русия аз назари санадҳо рабт медиҳанд. Дар маҷмӯъ дар давоми 20 соли охир аз рӯи омори расмӣ то 500 ҳазор соҳиби шиносномаҳои русӣ шудаанд ва бахше аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд.

XS
SM
MD
LG