Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ озмоишгоҳи атомиашро мебандад


Раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ.
Раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ.

Ким Йонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ба Мун Ҷай Ин, раис ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфтааст, моҳи оянда як озмоишгоҳи атомии кишварашро мебандад.

Йун Йонг Чан, сухангӯи раиси ҷумҳурии Курияи Ҷанубӣ рӯзи 29-уми апрел дар шаҳри Сеул ба хабарнигорон гуфт, “Ҳангоми мулоқоти раҳбарон, Ким Йонг Ун гуфтааст, моҳи май озмоишгоҳи атомиро мебандад.”

Ба қавли сухангӯ, раҳбари Куриёи Шимолӣ, мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ ва Амрикоро ба зудӣ ба кишвар даъват мекунад, то ҷараёни бастани озмоишгоҳро бубинанд.

Рӯзи 27-уми апрел раҳбарони ду Куриё дар мулоқоти таърихиашон қавл доданд, ки нимҷазираи Куриёро аз аслиҳаи атомӣ орӣ мекунанд ва гуфтанд, ки пайи бастани аҳдномаи сулҳ хоҳанд шуд.

Ҷанги Куриё аз соли 1950 то соли 1953 идома кард ва ду тараф то ҳол аҳдномаи сулҳ имзо накардаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки мумкин аст, то се ё чаҳор ҳафтаи дигар бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG