Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз кишварҳои гуногун даъват дорад, ки ба зидди афроду ниҳодҳое, ки дар тавлиди мушак дар Эрон нақш доранд, таҳрим эъмол кунанд.
Брайан Ҳук, яке аз мушовирони баландпояи Помпео, ки ӯро дар сафараш ба Ховари Миёна ҳамроҳӣ мекунад, рӯзи 28-уми апрел дар Арабистони Саудӣ ба хабарнигорон гуфтааст, “Мо аз кишварҳои саросари ҷаҳон даъват мекунем, ки ҳар фард, ё ниҳоди вобаста ба барномаи мушакии Эронро таҳрим кунанд ва ин як масъалаи бузурги мавриди баҳс бо аврупоиҳо буд.”
Ба гуфтаи Брайан Ҳук мушакҳои Эрон ҷангу ранҷ дар Ховари Миёнаро дароз мекунад, ба манофеи амниятӣ ва иқтисодии Амрико ва “бахусус ба Арабистони Саудӣ ва Исроил таҳдид мекунад.”
Майк Помпео, ки ҳамин ҳафта вакилони амрикоӣ номзадиаш ба мақоми вазири умури хориҷиро тасдиқ карданд ба шаҳри Риёз ворид шуд. Ӯ аз ин пештар дар нишасти вазирони кишварҳои узви НАТО дар Брюссел ширкат кард ва қарор аст, ба Байтулмуқаддас ва Уммон ҳам биравад.