Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ харҷи ҳоҷиёни тоҷикро 50 доллари дигар бештар кард


Имсол нархи Ҳаҷ барои зоирони тоҷик ба камияш панҷоҳ доллар гарон хоҳад шуд. Як мақоми Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афзоиши нархи роҳкирои Ҳаҷ ба як тасмими Арабистони Саудӣ рабт дорад.

Ӯ гуфт, Арабистони Саудӣ қимати будубоши зоирон дар Мино, яке аз маконҳои зиёрат дар шаҳри Маккаро то 50 доллар боло бурдааст. “Ин маблағи изофӣ аз ҳар як ҳоҷӣ ситонда мешавад”, - афзуд ӯ.

Ин мақоми Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, инчунин, дар як соли охир қимати доллар нисбат ба пули миллии сомонӣ каме боло рафт ва ин болоравӣ низ ба маблағи ҳаҷ бетаъсир нахоҳад буд. Мусоҳиби мо бовар дорад, дар маҷмуъ нархи сафари Ҳаҷ-2018 нисбат ба соли гузашта беш аз ҳазор сомонӣ, муодили беш аз сад доллари амрикоӣ гаронтар хоҳад буд.

То ба ҳол нархи дақиқи сафари имсолаи Ҳаҷ эълон нашудааст. Соли гузашта нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шуда буд, ки назар ба соли 2016 чаҳорҳазор сомонӣ бештар буд.

Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, маблағи зоирин барои харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона дар Маккаву Мадина, ғизо, роҳбалад, иқомат дар Мино, қурбонӣ, оби Замзам ва боҷи шоҳӣ сарф мешавад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Каъба мераванд.

XS
SM
MD
LG