Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон таъсиси "пойгоҳҳои низомӣ"-и ИМА дар соҳили Каспийро рад кард


Қазоқиистон, бандари Оқтау
Қазоқиистон, бандари Оқтау

Сафорати Қазоқистон дар Русия хабареро рад кард, ки Амрико гӯё аз бандарҳои ин кишвар дар баҳри Каспий истифода мекунад ва пойгоҳи низомӣ низ таъсис додаанд.

"Хоҳиш мекунем, ба ин хабарҳо бовар накунед, асос надоранд", - омадааст дар изҳороти сафорати Қазоқистон, ки 26-уми апрел нашр шуд.

Тайи як ҳафтаи охир як қатор расонаҳои русӣ навиштанд, ки гӯё нирӯҳои дарёии ИМА аз бандарҳои Қазоқистон дар баҳри Каспий истифода карда, аз ҷумла дар ин кишвар пойгоҳи низомӣ таъсис додаанд.

Сафорати Қазоқистон мегӯяд, ин хабарҳо баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба созишномае пайдо шуданд, ки Остона 20-уми июни соли 2010 бо Вашингтон дар робита ба транзити борҳои махсус ба Афғонистон имзо кард. "Инҷо сухан дар бораи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мусоидат ба ҳалли мушкили Афғонистон меравад", - зикр шудааст дар изҳорот.

Порлумони Қазоқистон ҳафтаи гузашта бо тағйири созишномаи мазкур иҷозат дод, бандарҳои Оқтау ва Курики ин кишвар ба масири транзитие шомил гарданд, ки ба воситаи он ба ё аз Афғонистон бори махсус интиқол дода мешавад.

Дар иттилоияи сафорат зикр шудааст, ки Русия низ пештар бо ИМА созишномаи ҳамсонро ба имзо расонда, дар интиқоли борҳои махсус иштирок карда буд.

XS
SM
MD
LG