Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Убайдуллоев намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО шуд


Ҷамолиддин Убайдуллоев ва Одри Азуле
Ҷамолиддин Убайдуллоев ва Одри Азуле

Ҷамолиддин Убайдуллоев – сафири Тоҷикистон дар Фаронса – намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, таъйин шуд. Ӯ рӯзи 25-уми апрели имсол дар мулоқот бо мудири кулли созмон Одри Азуле номаи таъйиноташ ба ин мақомро супурд.

Қаблан Рустам Солиев намояндаи доимии Тоҷикистон дар муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал буд.

Ҷамолиддин Убайдуллоев моҳи январи имсол сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъйин шуд. Убайдуллоев то он дам ба ҳайси сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ буд.

Номи ӯ борҳо дар мусобиқа оид ба теннис дар Тоҷикистон низ дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Ҷамолиддин Убайдуллоев чанд дафъа дар мусобиқаи теннис барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG