Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

165 000 сомонӣ ҷарима – барои “шантаж”-и ҳамҷинсгаро


Ду маъмури милиса ва як сокини оддӣ барои “шантаж”-и ҳамҷинсгарое дар Тоҷикистон ба пардохти 165 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 20 ҳазор доллар ҷарима муваззаф ва аз боздошт раҳо шуданд. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар ин бора охири ҳафтаи гузашта содир гардида, аммо то ба ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон зиндагии пӯшида доранд.

"Як милисаи дигар таҳти ҷустуҷӯ аст"

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 26-уми апрел гуфт, майор Шоҳрамазон Боронов, капитан Нарзуллои Асламзод ва шарики онҳо Диловар Мирзоев ҳар кадом 55 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Оятулло Сайфиддинов, капитани милиса, ки созмондиҳандаи “шантаж”-и ҳамҷинсгаро унвон мешавад, таҳти пайгард қарор дорад.

Ин гурӯҳ моҳи феврали имсол аз ҷониби Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз як сокини Душанбе боздошт шуданд. Нисбат ба ин гурӯҳ бар асоси “тамаъҷӯӣ” ва “қаллобӣ” парванда боз шуда буд. Баъдан, зимни тафтиш моддаи “тамаъҷӯӣ” аз парвандаашон лағв гардид. Онҳо бар асоси моддаи “қаллобӣ” ҷарима шуданд.

"Ду тараф аз ҳукм розианд"

Бинои Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ба гуфтаи манобеъ, ҷабрдида ба қарори додгоҳ эътироз накардааст. Пайвандони се нафари ҷавобгар низ ҳукми додгоҳро одилона хонданд.​ Фирӯз Набиев, яке аз наздикони майор Шоҳрамазон Боронов, рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ҳолатҳои зиёди сабуккунандаро ба инобат гирифт.

Ӯ гуфт, "бори аввал содир кардани ҷиноят ва дар таъминоташон будани фарзанди ноболиғ ва маъюбро ба назар гирифт. Вақте Шоҳрамазонро боздошт карданд, падараш фавтид. Як додари маъюбаш дар тарбияи ӯ ҳаст. Вазъияти зиндагиаш вазнин аст. Инҳо ноогоҳона ба ин кор рафтанд. Ҳамаи ҳамин ҳолатҳоро додгоҳ ба эътибор гирифт ва нисбат ба онҳо ҳукм содир кард."

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ба ҳадде шароити Боронов сахт аст, ки аз 55 ҳазор ҷаримаи таъйиншуда, 36 ҳазори онро дӯстону ҳаммаҳаллаҳо ҳамчун кумак ҷамъ карданд. “Боқимондаро бо фурӯши мошини “Опел”-аш пардохт”, - гуфт ӯ.

Зиндагии пӯшидаи ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Оҷонси мубориза бо фасод дар шарҳи боздошти ин гурӯҳ гуфта буданд, ки онҳо барои паҳн кардани маълумоти бадномкунанда ва боз кардани парванда барои ҳамҷинсгароӣ аз “шаҳрванд А” пора талаб кардаанд. Дар гузашта бархе аз ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки мавриди “шантаж” қарор мегиранд, вале то кунун ҳеч далеле сабт нашуда буд.

Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон зиндагии пӯшида доранд. Аксаран атрофиён ва наздикон аз майли ҳамҷинсгароии онҳо огаҳӣ надоранд ва худи онҳо низ тарафдори он нестанд, ки сиррашон фош шуда, ангуштнамои хосу ом гарданд. Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, ҳамин омил боис шудааст, ки ҳамҷинсгароён мавриди “шантаж” қарор бигиранд.

Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Танҳо соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабт кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG