Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонӣ дар Тоҷикистон: Робитаи ҷинсӣ танҳо пас аз издивоҷ


Як пажӯҳиши тоза маълум кардааст, ки аксар ҷавонон дар Тоҷикистон то бастани ақди никоҳ таҷрибаи робитаи ҷинсӣ надоштаанд. Пажуҳиши тоза бо сарпарастии бунёди Фридрих Эберт дар Осиёи Миёна сурат гирифтааст.

Доштани робитаи ҷинсӣ ва ҳама гуна наздикӣ бо ҷинси муқобил то замони ақди никоҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон табу ё як амали мамнуъ шуморида мешавад

Дар боби “Ҳаёти ҷинсии ҷавонон” дар ин пажуҳиш гуфта мешавад, беш аз 73 дарсади ҷавонони то 20-сола дар Тоҷикистон то замони издивоҷ боре ҳам робитаи ҷинсӣ накардаанд. Аммо пурсишҳо собит кардааст, шумори ҷавонони бузургтар аз 20-сола, ки таҷрибаи робитаи ҷинсӣ доштаанд, бештар мешавад.

Муаллифони пажӯҳиш бо такя ба маълумоти ба дастомада менависанд, дар Тоҷикистон шеваи суннатии ҳаёти ҷинсӣ ҳифз шудааст. Ҳаёти ҷинсӣ, ба навиштаи муаллифон, бештар ҳамчун воситаи идомаи насл фаҳмида мешавад. “Аз рӯи ин фаҳмиш, таҷрибаи робитаи ҷинсӣ то бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон мамнуъ шумурда мешавад”, - навиштаанд муаллифон.

Ҷомеаи Тоҷикистон таҷрибаи доштани робитаи ҷинсиро бо беш аз як писару духтар маҳкум мекунанд. Аммо ба мушоҳидаи муаллифони пажӯҳиш, таҷрибаи робитаи ҷинсӣ бо беш аз як нафар бештар дар миёни мардон ба назар мерасад. Аз ҳар 1000 нафар пурсидашуда 58 нафар гуфтаанд, ки таҷрибаи алоқаи ҷинсӣ бо беш аз як нафарро доштаанд.

Масъалаи бакорат низ барои ҷавонони Тоҷикистон муҳим будааст. Беш аз 90 дарсади пурсидашудагон бакоратро барои ҳар ду ҷинс, бахусус, духтарон муҳим хондаанд. Танҳо каме беш аз 2 дарсади пурсидашудагон ҳифзи бакоратро як фаҳмиши куҳна ва аз мӯдрафта арзёбӣ кардаанд.

Назари ҷавонони тоҷик ба намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ, аз ҷумла ҳамҷинсгароён умдатан манфӣ будааст. Ҳарчанд пажуҳишгарон мегӯянд, ки ҷавонони шаҳрӣ дар муқоиса ба ҷавонони деҳот нисбат ба ҳамҷинсгароён каме таҳамулпазиранд.

Пажуҳишгарон ин нуктаро низ зикр карданд, ки ҷавонон дар Тоҷикистон, махсусан духтарон моил нестанд дар бораи ҳаёти ҷинсии худ бо бегонагон суҳбат кунанд. “Чун доштани робитаи ҷинсӣ ва ҳама гуна наздикӣ бо ҷинси муқобил то замони ақди никоҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон табу ё як амали мамнуъ шуморида мешавад, аксар ҷавонон талош мекунанд барвақттар издивоҷ кунанд. Чун издивоҷ ягона роҳи доштани алоқаи ҷинсии машруъ пазируфта шудааст”, - навиштаанд муаллифони пажӯҳиш.

Дар он солҳо дар назди идораҳои ақди никоҳ утоқи машваратӣ таъсис дода будем, ки ба домоду арӯс нозукиҳои робитаи ҷинсӣ фаҳмонида мешуд

Шамсиддин, ҷавони 29-сола ки нахост насаб ва маҳалли истиқоматаш зикр шавад, рӯзи 31-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ низ то замони издивоҷ бо нафаре алоқаи ҷинсӣ надошт. “Дар 27-солагӣ издивоҷ кардам. Дар ин синну сол аллакай ҳамаи ҳамолонам зану фарзанддор буданд. Лекин шароити иқтисодии оилаамон намегузошт, ки издивоҷ кунам ва танҳо пас аз чанд соли кор дар муҳоҷират тавонистам оила барпо кунам”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Ангезаи худдорӣ аз ҳама гуна робитаи ҷинсии Шамсиддин ва ҳамсолони дигари ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар мазҳабист. Тибқи таълимоти шариат, робитаи ҷинсӣ бидуни ақди никоҳ зино - гуноҳи бузург шуморида мешавад.

Дар ҳоле ки доштани алоқаи ҷинсӣ то никоҳ дар ҷомеа табу боқӣ мемонад, табибон мегӯянд, ки зоофилия ва ё алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвон ҷой дорад.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷик, ки айни замон дар Маскав ба сар мебарад, гуфт, падидаи зоофелия дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёна ҷой дорад. Ӯ гуфт, “замони таҳсил дар Харков китоби як пажуҳишгаре бо номи Емилинская ба дастам афтода буд, ки онҷо гуфта мешавад, баъзе аз эронтаборон аввалин таҷрибаи робитаи ҷинсиро бо харҳо мегузаронанд. Ин нукта ба ман хеле сахт расида буд. Он замон дар хобгоҳ ба фикр рафтаму нақлу қиссаҳои ҳамсолонамро ба ёд овардам. Воқеан, ин падида ҷой дорад”.

Ин табиби тоҷик, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар Тоҷикистонро дорад, гуфт, “мамнӯъ будани алоқаи ҷинсии бетартибро то никоҳ дар ҷомеаи тоҷик як фарҳанги хубе ҷуброн мекард, ки тадриҷан аз байн меравад.” Ӯ бо ёдовари аз таҷрибаи кор дар Тоҷикистон гуфт, маъмулан падарон ба писарон ва модарон ба духтарон назокати робитаи ҷинсиро мефаҳмониданд, аммо ин фарҳанг ба оҳистагӣ аз байн меравад.

“Як пажӯҳиши мо бо роҳбарии Саъдиннисо Ҳакимова дар охири солҳои 80-ум нишон дод, ки фаҳмиши ҷинсии навхонадорон дар Тоҷикистон бинобар аз байн рафтани расми машварати падару модар ба фарзандон поин меравад. Бинобар ин, дар он солҳо дар назди идораҳои ақди никоҳ утоқи машваратӣ таъсис дода будем, ки ба домоду арӯс нозукиҳои робитаи ҷинсӣ фаҳмонида мешуд”, - хулоса кард Давлатов.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG