Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се милиса барои “шантаж”-и як ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Се милисаи тоҷик бо гумони “шантаж” ё талаби пул дар ивази хомӯшӣ аз як ҳамҷинсгаро боздошт шудаанд. Масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” парванда боз гардидааст. Боздошти онҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.

Соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабт кардаанд.

Мақомот рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, майори милиса Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як сокини одӣ Диловар Мирзоев аз нафари ҳамҷинсгаро дар маҷмуъ 5 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 600 доллари амрикоӣ хоста буданд. Онҳо гуфтаанд, дар ивази ин пул аз паҳни маълумоти беобрӯкунанда, аз ҷумла майли ӯ ба ҳамҷинсгароӣ, худдорӣ хоҳанд кард.

Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, “гумонбарон аз нафари ҳамҷинсгаро аввал ду ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Баъдан, ҳангоми гирифтани се ҳазор сомонӣ аз тарафи кормандони Оҷонсӣ боздошт шуданд.”

Назари пайвандони боздоштшудаҳо ва он нафаре, ки мавриди "шантаж" қарор гирифтааст, то ҳанӯз дастраси Радиои Озодӣ нашуд.

Қаблан бархе аз ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки мавриди “шантаж” қарор мегиранд, вале то кунун ҳеч далеле сабт нашуда буд.

Созмони байналмилалии IPHR моҳи июли гузашта дар як гузориши худ гуфта буд, ки намояндагони мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон “онҳоро метарсонанд". Иддаое, ки мақомоти тоҷик онро тӯҳмат медонанд ва вуҷуди чунин як кореро рад мекунанд.
Созмони байналмилалии IPHR моҳи июли гузашта дар як гузориши худ гуфта буд, ки намояндагони мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон “онҳоро метарсонанд". Иддаое, ки мақомоти тоҷик онро тӯҳмат медонанд ва вуҷуди чунин як кореро рад мекунанд.

Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон зиндагии пӯшида доранд. Аксаран атрофиён ва наздикон аз майли ҳамҷинсгароии онҳо огаҳӣ надоранд ва худи онҳо низ тарафдори он нестанд, ки сиррашон фош шуда, ангуштнамои хосу ом гарданд. Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, ҳамин омил боис шудааст, ки ҳамҷинсгароён мавриди “шантаж” қарор бигиранд.

Мурод, як ҳамҷинсгаро, рӯзи 13-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҳолат дар зиндагии онҳо зуд-зуд рух медиҳад. Мурод 29 сол дошта, соҳиби ҳамсар ва як кӯдак аст. Ӯ мегӯяд, ҳамсар ва дигар пайвандонаш майли ҳамҷинсгароӣ доштани ӯро намедонанд.

Аз ин рӯ, Мурод гуфт, ин “камбуд”-ро бархе нозирони минтақавӣ бар муқобилашон истифода мекунанд. “Мегӯянд, ки ё пул меорӣ ё бо мо ҳамкорӣ мекунӣ. Дар ғайри сурат ба зану хешовандонат мегӯем, ки ту ҳамҷинсгароӣ. Нафароне мисли ман метарсанд, ки пеши хешу табор шарманда мешаванд. Барои ҳамин, ба ҳама пешниҳод розӣ мешаванд. Пешниҳоди ҳамкорӣ ин аст, ки мо бо афроди доро робита кунем ва ҳангоми алоқаи ҷинсӣ нозиронро хабар диҳем ва онҳоро боздошт кунанд. Мақсад фақат пул кор кардан аст”, - гуфт ӯ.

Акбар Ҳомидов, корманди созмони кор бо ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал гуфт, боздошти се корманди пулис бар асоси арзи як ҳамҷинсгаро ҳолати камназир аст. Ӯ афзуд, “метавонам бигӯям, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд. Аксаран, арзи ҳамҷинсгароёнро қабул намекунанд. Бахусус, вақте шикоят аз он бошад, ки маҳз ба хотири ҳамҷинсгароӣ мавриди таҳдиду дашному ҳақорат қарор гирифта бошанд”.

Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Танҳо соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабтином кардаанд.

XS
SM
MD
LG