Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон: Зиндагии дугуна ва пур аз озор


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

“Аввалин дӯстписари ман як мақоми баландпояи минтақаи худамон буд. Вақте 18-сола будам ба ман ошиқ шуд. Ёдам ҳаст, ки вақте маро бори аввал ба хонааш даъват кард, дилам сахт метапид. Ӯ оила дошт, вале мо се сол пайваста ҳамдигарро медидем.

Баъдан падару модарам ба ман гуфтанд, ки бояд зан бигирӣ. Вақте ман ин масъаларо бо дӯстписарам баррасӣ кардам, гуфт, ки бояд зан бигирӣ ва ман нисфи пули тӯи шуморо медиҳам. Бояд дар бораи тамоюли ҷинсият гап назанӣ, вонамуд бикун, ки марди ҳақиқӣ ҳастӣ ва ҳеҷ мушкиле ҳам нахоҳӣ дошт.

Ҳоло ман оила дорам. Ман баъзан бо мардҳо аз тариқи интернет ошно мешавам ва дар берун аз Тоҷикистон вақт мегузаронем. Ман аз худам ифтихор мекунам. Мардони зиёде оилаҳояшонро раҳо мекунанд, вале ман ғами оилаамро мехӯрам ва масъалаи оиларо ҷиддӣ мегирам. Ман дар ҳаққи волидонам хуб ғамхорӣ мекунам. Оилаам дар бораи ман чизе намедонад.” - ин қиссаи Хуршед, як ҳамҷинсгарои тоҷик аст, ки ба ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони IPHR нақл кардааст.

Ман мардонеро медонам, ки аз бонк қарз гирифта ба маъмурони милиса додаанд, то ки сирри онҳоро ба хонавода нагӯянд.

Созмони мазкур бори аввал аст, ки аз нақли ҳамҷинсгароён, мутахассисон ва кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ як гузориши бештар аз 50 саҳифаӣ дар бораи ҳуқуқ ва вазъи аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон нашр кардааст.

Дар ин гузориш зери номи “Аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон. Зери латукӯб, зӯроварӣ ва тамаъҷӯии маъмурони милиса”, ки ҳамин моҳ нашр шуд, ҳомиёни ҳуқуқ тасвир кардаанд, ки чӣ гуна мақомоти интизомӣ бо аққалиятҳои ҷинсӣ бадрафторӣ мекунад ва чӣ гуна нисбат ба ин мардум дар Тоҷикистон нафрат бармеангезанд.

Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди онки дар Тоҷикистон аз соли 1998 ба ин тараф иртиботи ҷинсӣ байни ду мард ва ё ду зан аз феҳрасти ҷиноят берун карда шуд, вале то кунун ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ, аз ҷумла ҳамҷинсгароён ва афроди хунсӣ ошкоро зери по мешавад ва касе ҳам барои бадрафториву помол кардани ҳуқуқи онҳо ҷазо намегирад.

Ҳамҷинсгарои тоҷик: Ман дастгирӣ мехоҳам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Созмони IPHR, ки дар Белгия қароргоҳ дорад, мегӯяд, номи бисёре аз мусоҳибонашро дигар кардааст, зеро дар сурати ошкор шудан, ҳоли ин мардум дар Тоҷикистон “табоҳ мешавад.” Барои маълум кардани вазъи ҳамҷинсгароён ҳомиёни ҳуқуқ моҳҳои октябр ва ноябри соли 2016 ба Тоҷикистон рафтаанд ва бо аққалиятҳи ҷинсӣ сӯҳбат анҷом дода ва даҳҳо қазияи бадрафторӣ бо ҳамҷинсгароёнро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар Тоҷикистон нафрат нисбат ба ҳамҷинсгароён бисёр зиёд аст ва мақомоти интизомӣ бо истифода аз ин тамоюл нотарсона ҳуқуқи ин гурӯҳи мардумро помол мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин гузориш аз қавли ҳамҷинсгароён навиштаанд, ки маъмурони милиса онҳоро метарсонанд, таҳдид ва ё ҳатто таҷовуз мекунанд ва аз онҳо мехоҳанд, ки барояшон ба ҳайси “гумошта” ва ё ҷамъоварии иттило кӯмак расонанд.

Ҷавони ҳамҷинсгарои тоҷик
Ҷавони ҳамҷинсгарои тоҷик

Дар гузориш иддао мешавад, ки маъмурони милиса ба мардони ҳамҷинсгаро таҳдид мекунанд, ки дар сурати иҷро накардани дастурашон, “сирри онҳоро ба хешовандонашон ошкор ва онҳоро дар назди мардум шармсор мекунанд.”

Дар ин гузориш нақли Ҷонник, як ҳамҷинсгаро аз Хуҷандро овардаанд, ки гуфтааст, “Ман мардони зиёди ҳамҷинсгароро медонам, ки пулис ба онҳо таҳдид кардааст ва онҳо бисёр метарсанд. Ман чӣ кор кунам, худамро аз болои пул ба поён андозам. Ман мардонеро медонам, ки аз бонк қарз гирифта ба маъмурони милиса додаанд, то ки сирри онҳоро ба хонавода нагӯянд.”

Ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон барои ҳамин зиндагии дугуна доранд ва аз тарси шармсор нашудан тамоюли ҷинсии худро ошкор намекунанд ва соҳиби зану фарзанд ҳастанд.

Вақте мо ба милиса муроҷиат мекунем, онҳо мегӯянд, ту ҳамҷинсгароӣ, ту ягон ҳуқуқ надорӣ, одам нестӣ.

Барои исботи ин гуфта, ҳомиёни ҳуқуқ нақли Садриддин, як ҳамҷинсгарои дигарро намуна овардаанд, ки чунин аст, “Соли 2014 пмаъмурони милиса ман ва дӯстам Алиҷонро дастгир карданд ва маро маҷбур карданд, ки алоқаи ҷинсӣ бо як ҳамшаҳриамро эътироф намоям. Онҳо Алиҷонро маҷбур карданд, ки нишонии мардро бигӯяд. Баъдан милисаҳо ба хонаи ҳамон мард рафта ба ӯ гуфтаанд, ки мо медонем, ту чӣ кор кардӣ, агар пул надиҳӣ ба хонаводаат ҳамаро мегӯем. Ӯ мошин, говҳо ва аспашро фурӯхт, то ки милисаҳо сиррашро ошкор накунанд.”

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ аз IPHR, маъмурони милиса дар Тоҷикистон солҳои ахир ба ҳамҷинсгароён таҳдид мекунанд, ки номи ҳамҷинсгароёни сарватмандро ошкор кунанд, то аз онҳо пул ситонда шавад. Бо вуҷуди ҳамаи ин нақзи ҳуқуқ ва бадтрафторӣ ҳеҷ яке аз ҳамҷинсгароён ба мақомот муроҷиат намекунанд, зеро онҳоро ба қавле “одам ҳисоб намекардаанд.”

“Вақте мо ба милиса муроҷиат мекунем, онҳо мегӯянд, ту ҳамҷинсгароӣ, ту ягон ҳуқуқ надорӣ, одам нестӣ” гуфтааст, Сиёвуш аз шаҳри Қӯрғонтеппа. Аммо яке дигар аз онҳо Комил гуфтааст, ки баъди муроҷиати ӯ ба додситонӣ ва пайгирии пайваста аз қазия, мақомоти додситонӣ 6 маъмури милисаро ҷазо додаанд ва ӯ барои ҷасораташ дар шаҳр маъруф шудааст.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон аксари мардум, ҳамҷинсгароиро беморӣ ва бадахлоқӣ мешуморанд ва дар сурати огаҳ шудан аз тамоюли ғайримаъмулии ҷинсии касе, ӯро ба назди мулло мебаранд, то “бо дуохонӣ дигараш кунад. “

Як корманди созмони ғайриҳукуматӣ як ҷавонеро мисол овардааст, ки “Хешовандон ва ҳамсояҳояш ӯро дар хонаи сарде дар радиатори гармидиҳӣ дар хона баста ва ду рӯзи дароз бе нону об гузоштаанд ва мулло дуо хондааст, то арвоҳи бад аз танаш берун шаванд.”

Ҳамҷинсгарои тоҷик иддао дорад, ки мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00

Гузашта аз ин қатли афроди ҳамҷинсгаро ҳам дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Соли 2015 аз ҷумла вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки як ду ҷавони тоҷик баъди алоқаи ҷинсӣ бо як марди 55 сола ӯро бераҳмона куштаанд. Айни ҳодиса дар вилояти Суғд ҳам дар гузашта сабт шудааст.

Нафрат ба ҳамҷинсгароён на танҳо зиндагии аққалиятҳои ҷинсӣ ва афроди хунсиро дар Тоҷикистон сахт кардааст, балки онҳоеро ҳам осебпазир кардааст, ки бо чунин афрод кор мекунанд. Дар гузориш омадааст, ки солҳои ахир мақомоти расмӣ борҳо ба созмонҳое, ки бо ҳамҷинсгароён кор мекунанд, “дарафтода ва аз онҳо хостаанд, ки кор бо аққалиятҳои ҷинсиро қатъ кунанд.”

Дар дигар кишварҳои шӯравии собиқ ҳам нафрат ба ҳамҷинсгароён зиёд аст.
Дар дигар кишварҳои шӯравии собиқ ҳам нафрат ба ҳамҷинсгароён зиёд аст.

Теъдоди ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест, ҳарчанд чанд соле пеш як муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки мумкин аст, дар кишвар то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди хунсӣ вуҷуд дошта бошанд. Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ки чунин рақаме вуҷуд надорад.

Муаллифони гузориш аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, пеши роҳи бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ дар кишварро бигиранд, чун онҳо шаҳрванди комилҳуқуқ ҳастанд ва қонун ба онҳо тамоми ҳаққеро додааст, ки дигарон доранд. Аз вазорати умури дохилӣ хоста шудааст, ки ба табъизу бадрафторӣ бо аққалиятҳои ҷинсӣ хотима бидиҳанд ва он афсарони милисаро, ки ин аққалиятҳо озору шиканҷа медиҳанд, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, онҳо ҳам ба мақомоти расмӣ ва аз ҷумла вазорати умури дохилӣ расман ва хаттӣ муроҷиат кардаанд, ки ба иддаоҳо дар бораи бадрафторӣ бо аққалиятҳои ҷинсӣ посух бидиҳанд, аммо аз ҳеҷ яке ҷавоб нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG