Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров сабти никоҳ дар "ЗАГС"-ро танқид кард


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфтааст, ки сабти расмии никоҳ "бо ҳадафҳои ғаразнок" роҳандозӣ шуд.

"ЗАГС чӣ даркор аст? Ба ин хотир, ки вақте онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, молу мулкро тақсим кунанд. ЗАГС - ин қадами аввал ба сӯи хароб кардани оила аст", - гуфт Рамазон Қодиров.

Раҳбари Чеченистон афзуд, ки масъалаи бисёрникоҳиро дар сатҳи қонун матраҳ намекунад. Аммо гуфт, "Худованд ба мард иҷозат додааст, ки чаҳор зан дошта бошад".

Рамазон Қодиров дар гузашта низ Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС-ро танқид карда буд. Ӯ моҳи апрели соли 2017 дар сӯҳбат бо шабакаи байналмилалии телевизиони Русия - RT, ЗАГС-ро барои оила "харобиовар" номид.

Соли 2015 Қодиров ба хабаргузории "Интерфакс" гуфта буд, ки "бисёрзанӣ хуб аст, доштани маъшуқаи зиёд - бад".

XS
SM
MD
LG