Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати "Старекс"-ҳо дар хатсайри 28-и Душанбе қатъ шуд


Шаҳрдори Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо дар хатсайри 28, яке аз хатсайрҳои сермуштарӣ дар пойтахтро қатъ кард. Якбора қатъ шудани ҳаракатҳои микроавтобусҳо дар ин хатсайр, даҳҳо сокини пойтахтро сарсон кардааст.

Қурбон Холов, як масъули “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди танзимкунандаи бахши нақлиёт дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, минбаъд микроавтобусҳо ҳаққи фаъолият дар хатсайри 28-ро надорад. Ба қавли ҷаноби Холов, бар ивази микроавтобусҳо дар хатсарйи 28 ҳудуди 30 автобусро сафар кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар ин хатсайр бештар аз 120 адад микроавтобус ё “старекс”-ҳо фаъолият мекарданд. Бо қатъи фаъолияти ин хатсайр, ҳамакнун ин ронандагон аз кори худ маҳрум шуданд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, талош мекунад онҳоро дар дигар ҷой бо кор таъмин кунад.

Қатъи фаъолияти микроавтобусҳо дар хатсайри 28 яке аз талошҳои минбаъдаи шаҳрдорӣ барои берун кардани микроавтобусҳо аз Душанбе мебошад. Шаҳрдори Душанбе талош дорад то дар аксари хатсайрҳои пойтахт автобусҳоро ҷорӣ кунад.

Қатъи фаъолияти хатсайри 28 даҳҳо нафарро дар субҳи 24-уми апрел ба мушкил дучор кард. Сокинони Душанбе, ки аз қатъи ҳаракати микроавтобусҳо бехабар буданд мегӯянд, набуди нақлиёт онҳоро зиёд мунтазир кард.

Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори шаҳрдории Душанбе мебошад, ки ҳама вақт зери интиқод қарор дорад. Шаҳрдории собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доимо аз кори нақлиётҳои шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод мекард.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ҳам, ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расид, корашро аз танзими нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз кард. Феълан дар пойтахт 13 ширкати хусусии нақлиётӣ ва чаҳор корхонаи коммуналии “Автобуси 1, 2, 3” ва Троллейбус ба мусофиркашонӣ машғул ҳастанд. “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, танҳо дар як соли гузашта 57 шикояти мусофирон аз рафтори нодурусти ронандаҳо ба ин идора расидааст.

XS
SM
MD
LG