Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван низомиҳо ба эътирозгарон пайвастанд


Низомиҳо дар байни эътирозгарони Арманистон
Низомиҳо дар байни эътирозгарони Арманистон

Рӯзи душанбе намоишҳои эътирозӣ дар Ереван, бо талаби истеъфои нахуствазир Серж Саргсян - президенти пешини Арманистон, идома ёфтанд.

Ба маълумоти бахши Армании Радиои Озодӣ имрӯз ба донишҷӯёне, ки дар маркази Ереван раҳбпаймоӣ мекунанд, ҳудуди 20 нафар бо сараварии як сарҳанг пайвастанд, ки дар тан либоси низомӣ доранд ва парчами Арманистонро баланд кардаанд.

Нақлиёт дар кӯчаҳои марказии Ереван аз субҳ кор намекунад ва дар посух ба даъвати раҳбари мухолифин Никол Пашинян, оиди нофармонии шаҳрвандӣ, садҳо эътирозгар роҳи нақлиётро ба шаҳри навоҳӣ масдуд карданд.

Дар сеюмин шаҳри бузурги Арманистон -Ванадзор коршикании кормандони фабрикаи дӯзандагии "Глория" ҷараён дорад.

Раҳбари ҷиноҳи мухолифин дар порлумон Никол Пашинян рӯзи гузашта бо иттиҳоми ҷамъомади ғайриқонунӣ боздошт шуд. Макони нигаҳдории Пашинян маълум нест.

Эътирозгарон 11 рӯз боз бар зидди интихоби президенти пешин ба мақоми нахуствазир эътироз ва Серж Саргсянро ба тасарруфи қудрат дар Арманистон муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG