Пулиси шаҳри Остона аз боздошти гумонбари дуздии тандиси писар, ки ба ёди қурбониёни гуруснагии солҳи 1932-1933 дар саҳроҳои Қазоқистон бахшида шудааст, хабар дод. Тандиси биринҷиро аз нуқтаи қабули оҳанпора пайдо карданд.
"Гумонбар ва ҳамчунин харидори эҳтимолии намоди гуруснагӣ шиносоӣ шуданд", - хабар медиҳад пулиси Остона.
Пулис мегӯяд, аз рӯи моддаҳои "дуздӣ" ва "азхудсозӣ ё фурӯши амволе, ки бо роҳи ҷиноятӣ ба даст омадааст" парванда боз шуд.
Бори аввал ин тандисро тобистони соли 2017 дуздиданд. Ибтидои соли ҷорӣ мақомот онро дубора барқарор карданд.
Муҷассамаи иборат аз ҳайкали модару кӯдак, ки ба ёди қурбониёни гуруснагии солҳои 30-ум башида шудааст - 31 майи соли 2012 дар шаҳри Остона пардабардорӣ шуд.