Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ охирин минтақаи таҳти назораташро дар Сурия аз даст дод


Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Сурия, ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” тавофуқ кардаанд, то охирин минтақаи таҳти назораташон дар наздикии Димишқро тарк кунанд. Аммо ба гуфтаи манобеъ, бомбаборони нирӯҳои Сурия дар ин минтақа то дирӯз идома дошт.

Оҷонси хабарии САНА рӯзи 21-ми апрел навишт, бар асоси як тавофуқ, ҷангҷӯёни ДИИШ урдугоҳи муҳоҷирони фаластинӣ дар минтақаи Ҳаҷаруласвад дар Ярмукро тарк карда, ба шарқи Сурия интиқол хоҳанд ёфт.

Ин тавофуқ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳукумати Сурия талош дорад, бори аввал аз соли 2011 назорати комили пойтахт – Димишқ ва атрофи онро дубора ба даст биоварад.

XS
SM
MD
LG