Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон иҷозат дод, ки ИМА аз бандарҳои Курику Актау истифода кунад


Сенати Қазоқистон рӯзи 19 апрел тарҳи нави созишнома бо ИМА, дар бораи транзити борҳои махсус ба Афғонистонро тасвиб кард. Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон аввали моҳи март ба ин созишнома тағйирот ворид карда буд.

Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти Сенати Қазоқистон мегӯяд, тағйиру иловаҳои ахир иҷозат медиҳанд, ки бандарҳои Актау ва Курики кишвар ба масири транзитие шомил шаванд ва интиқоли борҳои махсус ба Афғонистонро таъмин кунанд

Борҳои махсус аз Озарбойҷон тариқи баҳри Каспий ба бандарҳои Қазоқистон ворид шуда, аз онҷо бо роҳи оҳан тавассути Узбекистон ба Афғонистон интиқол меёбанд.

"Фаъолияти ин масири транзитӣ ба манфиатҳои Қазоқистон ҳамчун кишваре, ки барои расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон талош дорад, пурра ҷавобгӯ аст", - омадааст дар хулосаи кумита.

XS
SM
MD
LG