Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Таҳримҳо замоне ҷорӣ мешаванд, ки Кремлин сазовор шавад


Доналд Трамп ва Никки Ҳейлӣ
Доналд Трамп ва Никки Ҳейлӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, русҳоро вақте таҳрим мекунад, ки агар ба таҳрим сазовор шаванд.

Трамп пас аз мулоқот бо нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе, дар посух ба суоли хабарнигорон, ки дер садо дод, дубора ба назди баландгӯ баргашт ва гуфт, "ҳеҷ кас дар робита ба Русия бештар аз президент Трамп мавқеи шадидтар надошт."

"Чанде пеш дар Сурия миёни нерӯҳои мо ва Русия муқовимати шадид шуд. Ин бисёр таассуфовар аст. Одамони зиёд дар ин набард кушта шуданд", - гуфт Трамп

Дар Амрико таҳқиқи созиши эҳтимолии тими интихоботии Трамп бо Русия, дар заминаи сабқати президентии соли 2016 ҷараён дорад ва санҷишро додситони махсус Роберт Мюллер пеш мебарад. Трамп ин тафтиш ва эҳтимоли созиш бо Кремлинро даъвои дурӯғ унвон мекунад.

Президент рӯзи гузашта ба матбуоти Амрико гуфт, беасос нагӯянд, ки ӯ дар робита ба Русия мавқеи нарм дорад. "Русия ба Шумо хоҳад гуфт, ки ман то кадом андоза бо онҳо қотеъ будам", - гуфт Доналд Трамп.

Ин суханонро Трамп дар ҳоле гуфт, ки матбуот аз зиддунақизии мавқеи маъмурияти ӯ дар робита ба таҳримҳои алайҳи Русия гузориш дод. Рӯзи якшанбе намояндаи доимии ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ гуфт, ки таҳримҳои нави зидди Русия рӯзи душанбе эълон мешаванд. Аммо эълон пахш нашуд ва баъдан манобеи маъмурияти президент гуфтанд, бино ба мавқеи нарми Русия дар баробари ҳамлаи ИМА ба Сурия қарор шуд, ки таҳрим эълон нашавад.

XS
SM
MD
LG