Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гуруҳи мусаллаҳи муҳоҷирони туркман дар Туркия


Туркия - яке аз кӯчаҳои Истанбул
Туркия - яке аз кӯчаҳои Истанбул

Пулиси Туркия дар пайи таъқиби як мошини шубҳаовар дар ноҳияи Малтепи шаҳри Истанбул панҷ муҳоҷири туркманро боздошт кард.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳангоми боздошт аз мошини шаҳрвандони Туркманистон дастпӯш, корд, ниқоби сиёҳ, "скотч" ва силоҳ, аз ҷумла як туфангча, ошкор шуд.

Як манбаъ дар пулиси Истанбул бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки шаҳрвандони Туркманистон тақрибан соати 4-и субҳи 10-уми апрел дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Кучукйалӣ дастгир шуданд.

Муҳоҷирони туркман дар ҳоле боздошт шуданд, ки онҳо аз талаби пулис барои манъ кардани мошин сарпечӣ карданд. Пулис чаҳор нафарро дар пайи таъқиби тӯлонӣ боздошт кард. Нафари панҷум дертар ба даст афтод.

Ба гуфтаи манбаъ, ду шаҳрванди боздоштшудаи Туркманистон ғайриқонунӣ дар Туркия ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG