Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ҳукуматро пароканда кард


Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исоқов
Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исоқов

Дар пасманзари муборизаи қудрат дар байни президенти феълии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев, порлумон ба ҳукумат нобоварӣ изҳор кард ва ба дунболи ин президент ҳукумати нахуствазир Сафар Исоқовро пароканда кард.

Аз 120 намояндаи порлумон 105 нафар ба тарафдории "адами эътимод ба ҳукумат" овоз доданд. Истеъфои ҳукумат бо ибтикори гурӯҳи мухолифин дар порлумон сурат гирифт.

Президенти пешин Алмосбек Отамбоев баъди рафтан аз қудрат дар моҳи ноябри соли гузашта, чанд моҳ аз зуҳури густарда дар мадди назарҳо худдорӣ кард. Аммо баъди интихоб шудан ба ҳайси раҳбари ҳизби сотсиал- демократ дар рӯзи 31-уми март, ҷойгузини худ Сооронбой Ҷеенбековро чанд маврид ошкоро танқид кард.

Сафар Исоқови 39-сола аз шарикони наздики Алмосбек Отамбоев буда, моҳи август ба мақоми нахуствазири Қирғизистон омад.

Аввали моҳи апрел Ҷеенбеков раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ Абдил Сегизбоев ва Додситони кулл Индира Ҷолдубоеваро, ки аз нафарони наздик ба Отамбоев ҳисоб мешаванд ва барои саркӯб кардани мухолифин ва хабарнигорон мавриди танқид қарор доранд, аз мақомашон барканор кард.

XS
SM
MD
LG