Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ва Путин вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев
Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев -раисони ҷумҳури Русия ва Қазоқистон, рӯзи 17 апрел дар як сӯҳбати телефонӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд.

Ҷузъиёти суҳбат ошкор нашудааст, вале ин гуфтугӯ дар пайи изҳороти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, дар робита ба барномаи телевизионии хабарнигори Русия Владимир Соловев пахш шуд. Соловев дар барномаи худ гуфт, ки эҳтимолан аз миёни Қазоқистону Русия "гурбаи сиёҳ гузаштааст". "Ё шояд Майдони навбатиро ба хотири ҷудо сохтани Остона аз Москва дар Қазоқистон мунтазир шавем?".

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар посух даъват кард, ки ба "изҳоротҳои расмӣ" бояд аҳамият дод ва вазири иттилоот ва коммуникатсионии ин кишвар Даурен Абаев низ гуфт, Владимир Соловевро "намешиносад".

ИМА ва ҳампаймононаш 14 апрел дар посух ба ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ Сурияро мушакборон карданд. Русия барои маҳкум кардани амали ИМА ба Шӯрои амният изҳоротеро пешниҳод кард, вале он рад шуд. Қазоқистон аз раъдиҳӣ дар ин бобат худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG