Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ду масеҳӣ қурбонии ДОИШ шуд


Марде аз марги хешаш дар ҳамлаи 15 апрел мегиряд
Марде аз марги хешаш дар ҳамлаи 15 апрел мегиряд

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар беруни як калисои масеҳӣ дар ҷанубуғарби ин кишвар ҳамлагарони мотосиклсавор ду масеҳиро ба қатл расониданд. Масъулияти ҳамлаеро, ки 15 апрел дар беруни калисо дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон рух дод, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт.

Як мақоми полиси маҳаллӣ Атоуллошоҳ гуфт, ҳамла дар лаҳзаҳое рух дод, ки масеҳиҳо баъди тарки намоз аз калисо берун шуда ба хона мерафтанд ва мардони савори мотосикл ба сӯи гурӯҳи намозгузорҳо оташ кушоданд. Атоуллошоҳ гуфт, ки дар ин ҳодиса инчунин 8 масеҳии дигар захмӣ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳодиса дар маҳаллаи Исо Нагрии шаҳри Кветта рух дод, ки аксар сокинонаш масеҳиён мебошанд. Дар паи ҳамлаи рӯзи якшанбе ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо рехта аз куштори масеҳиҳо эътироз карданд. Чанд ҳафта пеш чор масеҳии дигар дар як ҳамлаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG